Қатъи фаъолияти 136 масҷиди ғайриқонунӣ дар Суғд



Дар вилояти Суғд фаъолияти 136 масҷиди ғайриқонунӣ амалкунанда қатъ карда шуд.

Мудири шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Обидҷон Шаропов зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки бинобар сабаби аз қайд нагузаштан, фаъолияти 136 масҷиди намози панҷгона дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят боздошта шудааст. «Миёни инҳо масҷидҳои таърихие ҳам ҳастанд, ки муддати 100 сол фаъолият дошта, вале ба қайд нагирифта шуда буданд», – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, аз шумори умумии масҷидҳои ғайриқонунӣ фаъолиятдошта 106-тоашон ба марказҳои фарҳангу солимӣ ва кӯдакистону чойхонаҳо табдил дода шуда, 28-то аз онҳо дар марҳилаи дубора бақайдгирианд ва шояд фаъолияти онҳо барқарор гардад. «Имрӯз дар қаламрави вилояти Суғд 1195 масҷид амал мекунанд», – афзуд О.Шаропов.

spot_imgspot_img

Популярное