Дар Хуҷанд ҷараёни иҷрои уҳдадориҳо назди СУС-ро баррасӣ карданд

Бо ташаббуси бевоситаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кохи «Матбуот»-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) баргузор гардид. Дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар […]



Бо ташаббуси бевоситаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кохи «Матбуот»-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) баргузор гардид.

Дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар шарҳи ин маълумот менависад, дар чорабинӣ мутахассисони бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, бахши хусусӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Чорабиниро муовини Раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ифтитоҳ бахшида, баргузории ҷаласаи мазкурро бо иштироки доираи васеи намояндагони соҳаҳои мухталиф саривақтӣ ва хеле муҳим арзёбӣ намуд.

Аз номи аъзои Гурӯҳи корӣ – сардори Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Зуҳриддин Кенҷаев ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ҷаласаи мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, ба иштирокчиён барору муваффақият таманно намуд.

Сипас, аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ – сардори Раёсати ҳамкориҳо бо СУС-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Иноятулло Қосимов «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар СУС»,ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 тасдиқ шудааст, мавриди муаррифӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки бо шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо истифодаи афзалиятҳои ҳамроҳшавӣ ба ин созмон, дар давраи гузариш омода намудани иқтисодиёти кишвар ба рақобати солим, дар чаҳорчӯбаи ӯҳдадориҳои гирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонидани иқтисодиёти он, ҳифз намудани манфиатҳои иқтисодии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди мунтазами робитаҳои иқтисодии хориҷӣ аҳамияти хоса пайдо намуда, ба омили асосии рушди иқтисодиёти миллӣ табдил меёбад. Мақсади асосии Барнома ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории миёна ва хурд, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои аъзои СУС, таъмини афзалиятҳои узвият дар СУС барои доираи васеи соҳибкорон тавассути андешидани тадбирҳои зарурӣ, ки ба тезонидани раванди ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар равона гардидаанд, мебошад. Зеро, Барномаи мазкур ба кам намудани сатҳи бекорӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум равона гардидааст, таъкид гардид дар рафти чорабинӣ.

Ҳамзамон, ба иштирокчиёни ҷаласаи мазкур аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба афзалият, вазифа, зарурати таҳияи Барнома, инчунин, натиҷаҳои дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барнома маълумоти муфассал манзур гардид. Ҳамин тариқ, дар аснои ҷаласа иштирокчиён ба саволҳои сершумори худ вобаста ба масъалаҳои мавриди назар аз аъзои Гурӯҳи корӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Бояд гуфт, чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил карда шуд.

Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат карда, саъю кушишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқ ва такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи савдо дастгирӣ менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.