Қатъи фаъолияти 136 масҷиди ғайриқонунӣ дар Суғд

Дар вилояти Суғд фаъолияти 136 масҷиди ғайриқонунӣ амалкунанда қатъ карда шуд. Мудири шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Обидҷон Шаропов зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки бинобар сабаби аз қайд нагузаштан, фаъолияти 136 масҷиди намози панҷгона дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят боздошта шудааст. «Миёни инҳо масҷидҳои таърихие ҳам ҳастанд, ки […]

Мавлуда Рофиева



Дар вилояти Суғд фаъолияти 136 масҷиди ғайриқонунӣ амалкунанда қатъ карда шуд.

Мудири шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Обидҷон Шаропов зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки бинобар сабаби аз қайд нагузаштан, фаъолияти 136 масҷиди намози панҷгона дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят боздошта шудааст. «Миёни инҳо масҷидҳои таърихие ҳам ҳастанд, ки муддати 100 сол фаъолият дошта, вале ба қайд нагирифта шуда буданд», – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, аз шумори умумии масҷидҳои ғайриқонунӣ фаъолиятдошта 106-тоашон ба марказҳои фарҳангу солимӣ ва кӯдакистону чойхонаҳо табдил дода шуда, 28-то аз онҳо дар марҳилаи дубора бақайдгирианд ва шояд фаъолияти онҳо барқарор гардад. «Имрӯз дар қаламрави вилояти Суғд 1195 масҷид амал мекунанд», – афзуд О.Шаропов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.