Пешвои ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешвои ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимовро ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Қаблан ВАО бо истинод ба  блоги    ҳомии ҳуқуқ Надежда Атаева дар бораи 13 соли ҳукми зиндон ба ӯ хабар дода буданд. Дар иттилоияи расмии суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар ин робита чунин гуфта […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешвои ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимовро ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Қаблан ВАО бо истинод ба


 блоги


  


ҳомии ҳуқуқ Надежда Атаева дар бораи

13 соли ҳукми зиндон ба ӯ

хабар дода буданд.

Дар иттилоияи расмии суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар ин робита чунин гуфта мешавад: «Суди ноҳияи  И. Сомонии  ш. Душанбе санаи 24 июни соли 2015 парвандаи  ҷиноятӣ нисбати  Ибрагимов Мақсуд Муҳидиновичро  дар содир намудани ҷинояти дар моддаи  307 қисми 3, 307

1

қисми 2, 307

2

  қисмҳои 1 ва 2, 307

3

қисмҳои 1 ва 2, 187 қисмҳои 1 ва 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода муайян кард, ки Иброҳимов Мақсуд Муҳидинович бо мақсади бо роҳи  зӯроварӣ ғасб  кардани  ҳокимияти  давлатӣ, бо роҳи зӯроварӣ  нигоҳ доштани он, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи муташаккил созмон дода, ба даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истифодаи воситаҳои ахбори умум ва шабакаи интернет даст задааст».

Зимнан дар иттилоия зикр мегардад, ки суд Иброҳимовро дар содир намудани ҷинояти дар моддаи  307 қисми 3, 307

1

қисми 2, 307

2

  қисмҳои 1 ва 2, 307

3

қисмҳои 1 ва 2, 187 қисмҳои 1 ва 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, нисбати судшаванда Иброҳимов Мақсуд Муҳидинович ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 17 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда ба муҳлати панҷ сол, таъин кард.

Мақсуд Иброҳимов 20 январи соли 2015 аз манзил дар шаҳри Маскав аз ҷониби афроди номаълум, эҳтимол кормандони хадамоти махсус рабуда шуд. Дар бораи рабуда шудани М.Иброҳимов нахуст ҳоми ҳуқуқи рус Николай Николаев дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод. Баъди чанде ӯ дар Тоҷикистон пайдо шуд.

Ба қавли наздикони М.Иброҳимов эҳтимол меравад, ки сипас ӯ пинҳонӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, танҳо баъд аз гузашти 10 рӯз мақомоти расмии кишвар тасдиқ намуданд, ки Иброҳимов дар Душанбе қарор дошта, дар тавқифгоҳи мувақкатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Он замон иттилоъ дода шуда буд, ки шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон Мақсуд Иброҳимов, ки доимо дар вилояти Ростови Русия иқомат дошт, аз ҷониби ҳукуматдорони Тоҷикистон ба иттиҳоми ифротгароӣ мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.

Сардори Раёсати Прокуратураи генералии ҶТ оид ба назорати қонуният дар мақомоти ВКД ва АНМН Ризо Халифазода рӯзи 30 январи соли равон дар ин робита иттилоъ дода буд, ки нисбати боздоштшуда мувофиқи якчанд моддаҳои Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо дар бораи маҳз бо кадом моддаҳо айбдор шудани М.Иброҳимов саҳеҳан маълумот надод.

«Ӯро дар ҳамдастӣ доштан бо «Гурӯҳи 24» гунаҳкор мекунанд, вале ӯ инро рад намуда, тасдиқ менамояд, ки дар таъсиси «Ҳаракати демократии ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» дар Русия иштирок кардааст. Чанд рӯз қабл М.Иброҳимовро ба 13 соли зиндон маҳкум карданд», – менависад дар блоги худ Н.Атаева.

Бино ба навиштаи ҳомии ҳуқуқ, ба дархостҳои адвокати ӯ ба Хадамоти федералии муҳоҷират ва мақомоти прокуратура дар ин хусус посухе нарасидааст.

«Моҳи октябри соли 2014 Тоҷикистон «Гурӯҳи 24»-ро «созмони ифротгаро» эълон кард. Бисёре аз чизҳо бозгӯи онанд, ки ин таъқиби ҳадафноки сиёсии мухолифин аст. Ин таъқибҳо ба иштирокчиён ва ҷонибдорони ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» низ дахл кард, зеро ҳукуматдорони тоҷик ба исботи робита доштани онҳо бо «Гурӯҳи 24» кӯшиш мекунанд. Дар ҳамин ҳол, роҳбари ин созмонҳо шахсони алоҳида буда, ҳадафу вазифаҳояшон ҳам гуногун аст. Ташаббусҳои ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ба дастгирии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва роҳандозии ислоҳот дар қонунгузории муҳоҷирати Русия нигаронида шудаанд. Аксари аъзои «Гурӯҳи 24» дар Русия ва дигар кишварҳо дар конфронсҳо оид ба баррасии вазъи муҳоҷирони тоҷик ва вазъ дар бахши риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, иқдомҳои муштараки эътирозӣ дар робита ба бедаракшавии Мақсуд Иброҳимов ширкат варзиданд», – қайд мекунад Надежда Атаева.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио