Санкт-Петербург барои муҳоҷирони Кӯлоб маркази машваратӣ боз кард

Як ҳайати воломақоми шаҳри Санкт-Петрбурги Русия таҳти сарварии сардори шуъбаи муҳоҷирати корӣ ва ҳамкорӣ бо корфармоёни Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии ин шаҳр Олга Козлова аз шаҳри Кӯлоб боздид намуда, дар маросими ифтитоҳи маркази бо кор таъмин намудани кӯлобиҳо дар ин шаҳри Русия иштирок кард. Сардори шуъбаи хадамоти муҳоҷирати Кӯлоб Икром Раҳимов ба «Азия-Плюс» дар […]

Турко Дикаев



Як ҳайати воломақоми шаҳри Санкт-Петрбурги Русия таҳти сарварии сардори шуъбаи муҳоҷирати корӣ ва ҳамкорӣ бо корфармоёни Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии ин шаҳр Олга Козлова аз шаҳри Кӯлоб боздид намуда, дар маросими ифтитоҳи маркази бо кор таъмин намудани кӯлобиҳо дар ин шаҳри Русия иштирок кард.

Сардори шуъбаи хадамоти муҳоҷирати Кӯлоб Икром Раҳимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ифтитоҳи марказ иқдоми муҳим дар рушди ҳамкорӣ оид ба таъмини корхонаҳои шаҳри Санкт-Петербург бо қувваи корӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон буда, ҳамчунин дар ҳаллу фасли вазифаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаи Кӯлоб низ саҳм хоҳад гузошт.

«Ба ҳамагон маълум аст, ки зимни коркобӣ дар Русия шаҳрвандони мо зимни дарёфти сертификати супоридани имтиҳоноти ҳатмӣ аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия, суғуртаи тиббӣ, патент, қайд барои зисти муваққатӣ ва ғайра бо чӣ гуна мушкилоте дучор мешаванд», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки маркази мазкур ба ҳалли ҳамаи ин гуна мушкилот мусоидат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.