Ҳодисаҳои одамрабоӣ дар Тоҷикистон зиёд мешавад



Нимсолаи аввали соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 8 ҳодисаи одамрабоӣ (нимсолаи аввали соли 2014 – ҳамагӣ 1 ҳодиса) дар кишварро ба қайд гирифтанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нисбат ба соли гузашта тайи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамчунин ҳодисаҳои дуздӣ (42,4%), аз ҷумла дуздӣ дар манзилҳо (18,8%), қаллобӣ (17,5%) ва порагирӣ (4%) низ афзудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра коҳиши ҳолатҳои содир шудани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир (11,7%), хариду фурӯши одамон ( аз 22 ҳолат то ба 11 ҳолат), барқасдона расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ (29%), таҷовуз ба номус ва суиқасд ба таҷовуз ба номус (27,3%), ғоратгарӣ (23,6%), роҳзанӣ (19,4%), одамкушӣ ва суиқасд ба одамкушӣ (11,3%) ва авбошӣ (6,8%) сабт шудааст.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-июни соли равон ба сурати умум дар Тоҷикистон ҳудуди 2,9 ҳазор ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,1% зиёдтар аст.

spot_imgspot_img

Популярное