Дар доираи иҷрои фармони дахлдори вазири мудофиа ва тибқи нақшаи Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, то охири ҳамин сол дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи кишвар ҳамаи сарбозону афсароне, ки дар эҳтиёт қарор доранд, ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ҷалб карда мешаванд.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев дар ин робита иттилоъ дод, ки ба чунин машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ асосан шаҳрвандони ҷинси марди синнашон аз 20 то 55-сола ҷалб карда мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин машғулиятҳо ба сарбозону афсарони эҳтиётӣ тарзи истифода аз силоҳи сабуку вазнин ва техникаи ҳарбӣ омӯзонида шуда, ҳамчунин дигар малакаҳои ҳарбии онҳо такрор ва такмил дода хоҳад шуд.
Зимнан зикр гардид, ки чунин машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ қаблан дар чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе муваффақона гузаронида шуданд.



