Ҷинояткори маъруф дар шаҳри Қӯрғонтеппа Шералӣ Саидов бо лақаби «Шерчангол»-ро, ки аз ҷониби кормандони Аентии назорати маводи нашъаовар бо як миқдор маводи мухаддир ва таппончаи Макаров боздошт шуда буд, суди шаҳр ба 9,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ хабар дод, Ш.Саидов соли 2000 барои содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ аз ҷониби суди вилояти Хатлон ба 15 соли зиндон маҳкум шуда, соли 2007 мавриди афв қарор гирифт ва сипас баъди озод шудан силоҳи оташфишон харида, зимни боздошт аз ӯ таппончаи тамғаи Макарови комилан коршоям бо як тирдон дарёфт ва мусодира гардид.
Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, зимни кофтукови шахсии ӯ дар як бастаи селлофанӣ маводи мухаддири ҳашиш низ дарёфт шуда, сипас кормандони фаврӣ барои кофтуков ба ноҳияи Бохтар раҳсипор шуданд. «Ҳангоми кофтукови дақиқи манзили боздоштшуда дар дохили бухории барқӣ боз бастае бо ҳудуди ним кило маводи мухаддири афюн дарёфт шуда буд», – афзуд сарчашмаи хабар.



