Қирғизистон ба тоҷикон кумаки башардӯстона мефиристад



Ҳукуматдорони Қирғизистон дар рафъи оқибатҳои офатӣ табиӣ ба Тоҷикистон кумак мекунанд.

Муовини нахуствазири ин кишвар Абдураҳмон Маматалиев ба ВАО кишвараш дар ин робита гуфтааст, «бо назардошти вазъи мавҷуда дар кишвари ҳамсоя, айни замон ҳама гуна кумак бамаврид аст».

«Мо бо Тоҷикистон муносибатҳои хуби ҳамҷаворӣ дорем ва ахиран он густаришу таҳким меёбад. Мо бояд ҳарчи зудтар ин масъаларо ҳал намуда, мувофиқи имкон чизи дархосткардаи онҳоро расонем», – иброз доштааст Маматалиев.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон Тоҷикистон ба сӯзишвории дизелӣ, семент, арматура, трансформаторҳо, маводи болопӯши биноҳо ва дигар масолеҳи сохтмон ниёз дошта, ғайр аз ин, Душанбе бо дархости иҷозати гузаштани қатораҳои автомобилҳо бо кумаки башардӯстона тариқи қаламрави кишвар ба ҳукумати Қирғизистон муроҷиат кардааст.

«Ман ба тамоми сохторҳои дахлдор дастур додам, ки дар ин масъала барои ба вуҷуд наомадани мушкилот мусоидат намоянд», – қайд кардааст муовини нахуствазир ва таъкид доштааст, ки қатори автомобилҳо бо кумаки башурдӯстонаро бояд ВКД Қирғизистон ҳамроҳӣ кунад.

Маматалиев зикр кардааст, ки ирсоли кумаки башурдӯстонаи Қирғизистон ба аҳолии осебдидаи кишвари ҳамсоя ҳафтаи оянда ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, ба роҳбарони мақомоти давлатии Қирғизистон дастур дода шудааст, ки ҷиҳати кумак ба сокинони аз офат осебдидаи Тоҷикистон бо доираҳои соҳибкориву тиҷоратии кишвар гуфтушунид намоянд.

spot_imgspot_img

Популярное