Вазорати мудофиа: Низомиёни Русия дар Тоҷикистон мақоми дахлнопазирӣ надоранд

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз мақоми дахлнопазирии дипломатӣ бархурдор нестанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, мутобиқи қарордодҳои баимзоасида миёни кишварҳо, агар хизматчиёни ҳарбии ин пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир кунанд, нисбати онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Пас аз […]

Аваз Юлдошев



Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз мақоми дахлнопазирии дипломатӣ бархурдор нестанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, мутобиқи қарордодҳои баимзоасида миёни кишварҳо, агар хизматчиёни ҳарбии ин пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир кунанд, нисбати онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.

Пас аз анҷоми тафтишот маводи парванда ба ихтиёри мақомоти дахлдори Русия дода шуда, онҳо уҳдадоранд, ки Тоҷикистонро аз қарори қабулшуда оид ба ин парванда огоҳ созанд», – қайд карда манбаъ.

Таъкид шуд, ки тибқи маълумоти омории мавҷуда, ҳеҷ як аз ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистон бидуни муҷозот намондааст.

«Ба мо маълум аст, ки дар робита ба муноқишаи рухдода рӯзи 28 июл байни аҳолии маҳаллӣ ва хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ин шаҳр аз рӯи моддаи «Авбошӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба таҳқиқи он машғуланд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин ҳол, як мақомдори ниҳодҳои қудратӣ дар минтақаи Кӯлоб ба

радиои Озодӣ

дар мавриди муҷозоти авбошии аскарон гуфтааст, сарбозони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз мақоми дипломатӣ бархурдор буда, ҳар қонуншикание, ки содир мекунанд, аз ҷониби ниҳодҳои тафтишотии Русия таҳқиқ мешавад.

Радиои Озодӣ дар мавриди ин муноқиша менависад, задухӯрд миёни сарбозони пойгоҳи 201 Русия дар шарҳи Кӯлоб ва ҷавонони маҳаллӣ шоми 28 июл дар ҳоле шурӯъ шудааст, ки гурӯҳе аз сарбозон, ки зоҳиран рӯзи таваллуди яке аз ҳамтоҳояшонро таҷлил мекарданд, мастомаст ва нимбараҳна ба кӯча баромаданд. Ин рафтори онҳо баъзе ҷавонҳои маҳаллиро ба хашм овард ва боиси задухӯрд дар байни ду гурӯҳ шуд. Полиси Кӯлоб ҳодисаи задухӯрдро тасдиқ кард ва гуфт, ки бо моддаи “авбошӣ” парванда боз шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.