Қирғизистон ба тоҷикон кумаки башардӯстона мефиристад

Ҳукуматдорони Қирғизистон дар рафъи оқибатҳои офатӣ табиӣ ба Тоҷикистон кумак мекунанд. Муовини нахуствазири ин кишвар Абдураҳмон Маматалиев ба ВАО кишвараш дар ин робита гуфтааст, «бо назардошти вазъи мавҷуда дар кишвари ҳамсоя, айни замон ҳама гуна кумак бамаврид аст». «Мо бо Тоҷикистон муносибатҳои хуби ҳамҷаворӣ дорем ва ахиран он густаришу таҳким меёбад. Мо бояд ҳарчи зудтар […]

Аваз Юлдошев



Ҳукуматдорони Қирғизистон дар рафъи оқибатҳои офатӣ табиӣ ба Тоҷикистон кумак мекунанд.

Муовини нахуствазири ин кишвар Абдураҳмон Маматалиев ба ВАО кишвараш дар ин робита гуфтааст, «бо назардошти вазъи мавҷуда дар кишвари ҳамсоя, айни замон ҳама гуна кумак бамаврид аст».

«Мо бо Тоҷикистон муносибатҳои хуби ҳамҷаворӣ дорем ва ахиран он густаришу таҳким меёбад. Мо бояд ҳарчи зудтар ин масъаларо ҳал намуда, мувофиқи имкон чизи дархосткардаи онҳоро расонем», – иброз доштааст Маматалиев.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон Тоҷикистон ба сӯзишвории дизелӣ, семент, арматура, трансформаторҳо, маводи болопӯши биноҳо ва дигар масолеҳи сохтмон ниёз дошта, ғайр аз ин, Душанбе бо дархости иҷозати гузаштани қатораҳои автомобилҳо бо кумаки башардӯстона тариқи қаламрави кишвар ба ҳукумати Қирғизистон муроҷиат кардааст.

«Ман ба тамоми сохторҳои дахлдор дастур додам, ки дар ин масъала барои ба вуҷуд наомадани мушкилот мусоидат намоянд», – қайд кардааст муовини нахуствазир ва таъкид доштааст, ки қатори автомобилҳо бо кумаки башурдӯстонаро бояд ВКД Қирғизистон ҳамроҳӣ кунад.

Маматалиев зикр кардааст, ки ирсоли кумаки башурдӯстонаи Қирғизистон ба аҳолии осебдидаи кишвари ҳамсоя ҳафтаи оянда ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, ба роҳбарони мақомоти давлатии Қирғизистон дастур дода шудааст, ки ҷиҳати кумак ба сокинони аз офат осебдидаи Тоҷикистон бо доираҳои соҳибкориву тиҷоратии кишвар гуфтушунид намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.