Сафари расмии президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзҳои 13-14 сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, аз рӯи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Қазоқистон ба Душанбе ва дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзои бастаи нави асноди ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо дар назар аст. […]

Аваз Юлдошев



Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзҳои 13-14 сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, аз рӯи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Қазоқистон ба Душанбе ва дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзои бастаи нави асноди ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки зимни гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили таъмини амният таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки пас аз анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 15 сентябр дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Душанбе иштирок мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.