Ифтитоҳи бахшҳои нави АНМН дар Дарвозу Ҷиргатол



Директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон Рустам Назарзода рӯзи 29 июл бо як ҳайати ИМА таҳти сарварии сармушовири Дафтари назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (Бюрои INL)-и департаменти давлатии ИМА Ҷеймс Каллахан дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҳайати мазкур ҳамчунин роҳбари нави INL дар назди сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон Кристофер Гин низ ҳузур дошт.

Рустам Назарзода меҳмононро бо вазъи мухаддирот дар Тоҷикистон шинос намуда, ба онҳо оид ба ҳамкории Агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистон маълумот дод.

Ӯ қайд кард, ки дар доираи ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ИМА давоми моҳҳои август-сентябри соли равон ифтитоҳи шуъбаҳои нави Агентӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Ҷиргатол дар назар аст ва бо дастгирии Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия моҳҳои октябр-ноябр шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Исфара ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное