Зимни нишасти хабарии рӯзи 30 июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор намуд, ки ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ аз рӯи далели марги чанде аз сарбозон ҳангоми адои хизмати ҳарбиро таҳти назорати шахсии худ гирифтааст.
Дар ин робита ӯ қайд кард, ки аз рӯи ҳамаи ин далелҳо парвнадаҳои ҷиноӣ боз шуда, мансабдорони роҳдода ба зуҳури падидаҳои «бузургсолорӣ» (дедовшина) дар артиш аз вазифаҳояшон озод карда шудаанд, вале аз «ин мансабдорон» ном бурда нашуд.
«Барои таҳқиқи вазъ дар маҳалли ҳодиса гурӯҳи кории мо аз вилояти Суғд боздид намуда, сипас мо дар ин бора ҳисобот омода мекунем», – қайд кард. З.Ализода.
Ёдрас мекунем, ки тайи каме бештар аз як моҳи ахир ВАО дар бораи далели марги 4 сарбоз дар артиши кишвар маълумот доданд, ки эҳтимол бар асари лату кӯб ва таҳқиру азият аз ҷониби хизматчиёнӣ ҳарбии муҳлати хизматашон зиёд фавтидаанд.



