Дастури президент ҷиҳати тезонидани корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ВМКБ

Нимаи дуюми рӯзи 30 июл  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии вилоят, роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят вобаста ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои вилоят […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 30 июл  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии вилоят, роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят вобаста ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои вилоят машварати корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз рӯи ин масъала сарвазири мамлакат Азим Иброҳим маълумот дод, ки айни ҳол дар минтақаҳои аз офат зарардида дар асоси супориши сарвари давлат корҳо муташаккилона идома дошта, кӯмакҳои яквақтаи президенти мамлакат ва ҳамчунин маводи ниёзи аввал пурра ба оилаҳои зарардида дастрас карда шуд.

Барои барқарор кардани роҳи харобгашта дар ноҳияи Шуғнон роҳсозон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дошта, корҳои сохтмонӣ дар маҳалли бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра ё қисман  хароб гардидааст, тибқи дастуру супоришҳои президент ҷараён дорад.

Вобаста ба иҷрои корҳо инчунин ахбороти вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов ва директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов шунида шуд.

Сарвари давлат бори дигар таваҷҷӯҳи масъулини Ҳукумати мамлакат, аъзои комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи оқибатҳои офати табииро барои иҷрои саривақтию босифати дастуру супоришҳо ҷалб намуда, баҳри ҳарчи зудтар кашидани хатти интиқоли неруи барқ, об, алоқа, шабакаи обу корез, таъмини техника барои таъмири роҳҳо ва бунёди пулҳо, таъмини аҳолӣ ва сохтмончиён бо масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, чӯбу тахта ва дару тиреза супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин вазорату идораҳо ва мақомотҳои дигари дахлдор  вазифадор гардиданд, ки барои бунёди бинои нави мактаб, бунгоҳи тиббӣ, таъмини хонандагон бо асбобу анҷоми таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, барқарор намудани шиносномаҳои шаҳрвандон ва шинонидани ниҳол ва ободониву кабудизоркунии маҳалҳои шаҳраки навбунёд дар ноҳияи Шуғнон барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида чораву тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.