Далелҳои «дедовшина» дар артишро Омбудсмен таҳти назорати шахсӣ гирифт

Зимни нишасти хабарии рӯзи 30 июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор намуд, ки ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ аз рӯи далели марги чанде аз сарбозон ҳангоми адои хизмати ҳарбиро таҳти назорати шахсии худ гирифтааст. Дар ин робита ӯ қайд кард, ки аз рӯи ҳамаи ин далелҳо парвнадаҳои ҷиноӣ боз шуда, мансабдорони […]

Меҳрангез Турсунзода



Зимни нишасти хабарии рӯзи 30 июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор намуд, ки ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ аз рӯи далели марги чанде аз сарбозон ҳангоми адои хизмати ҳарбиро таҳти назорати шахсии худ гирифтааст.

Дар ин робита ӯ қайд кард, ки аз рӯи ҳамаи ин далелҳо парвнадаҳои ҷиноӣ боз шуда, мансабдорони роҳдода ба зуҳури падидаҳои «бузургсолорӣ» (дедовшина) дар артиш аз вазифаҳояшон озод карда шудаанд, вале аз «ин мансабдорон» ном бурда нашуд.

«Барои таҳқиқи вазъ дар маҳалли ҳодиса гурӯҳи кории мо аз вилояти Суғд боздид намуда, сипас мо дар ин бора ҳисобот омода мекунем», – қайд кард. З.Ализода.

Ёдрас мекунем, ки тайи каме бештар аз як моҳи ахир ВАО дар бораи далели марги 4 сарбоз дар артиши кишвар маълумот доданд, ки эҳтимол бар асари лату кӯб ва таҳқиру азият аз ҷониби хизматчиёнӣ ҳарбии муҳлати хизматашон зиёд фавтидаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.