Хадамоти алоқа: Бигзор исбот созанд, ки мо сомонаҳоро мебандем

Дар посух ба саволҳои журналистон зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати иттилооти Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ Алибек Бекназаров изҳор намуд, ки хадамот дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро қатъ накардааст ва чунин таҷҳихзоте ҳам надорад, ки бо ёрии он тавонад ҳамаи интернетро таҳти назорат қарор диҳад. Ба қавли ӯ, агар ширкатҳои фароҳамсози интернет ҳангоми қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо ба […]

Сайфиддин Қараев



Дар посух ба саволҳои журналистон зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати иттилооти Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ Алибек Бекназаров изҳор намуд, ки хадамот дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро қатъ накардааст ва чунин таҷҳихзоте ҳам надорад, ки бо ёрии он тавонад ҳамаи интернетро таҳти назорат қарор диҳад.

Ба қавли ӯ, агар ширкатҳои фароҳамсози интернет ҳангоми қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо ба дастури Хадамоти алоқа ишора кунанд, аз онҳо талаб кардани исботи он – нусхаи ҳуҷҷати дастури манъи дастрасӣ ба ин сомонаҳо зарур аст.

Муовини сардори Хадамоти алоқа Татяна Холмуродова дар робита ба ҷорӣ шудани 80 дирам пардохтпулии моҳона барои рақам қайд кард, ки «ба нархгузорӣ мо ҳеҷ муносибате надорем». «Ин дар салоҳияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ буда, вазифаи мо назорати иҷрои тарифҳо мебошад», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти муовини сардори хадамот, айни замон шумори корбарони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 11,5 млн. нафарро ташкил дода, 6,5 млн. сим-кортҳо фаъол мебошанд. «Гап сари он аст, ки шумори корбаронро аз рӯи сим-кортҳои фурӯхташуда ҳисоб мекунанд ва бархе аз шаҳрвандон аз 2-3 сим-корт истифода мекунанд», – гӯфт ӯ дар шарҳи ин масъала.

Ба гуфтаи намояндагони Хадамоти алоқа, аз ҳар 100 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ 44 нафар аз шабакаи Интернет истифода мекунанд ва ба сурати умум шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон 3,4 млн. нафар арзёбӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ба ҳар 100 нафар сокинон 74 телефони ҳамроҳ (мобилӣ) рост меояд. Соли гузашта ҳаҷми умумии хизматгузориҳои алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 1 млрд. 234 млн. сомониро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.