Коршинос: Дар шароити Тоҷикистон мубориза бо хариду фурӯши одамон мушкил аст

Коршиноси масоили мубориза бо хариду фурӯши одамон, полковники милитсия Ҷумъахон Каримов бар ин назар аст, ки дар шароити Тоҷикистон мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба истисмори инсон хеле мушкил аст. Дар ин робита ӯ қайд намуд, ки бинобар сабаби баъзе омилҳои махсуси миллӣ ва динӣ дар ҷумҳурии мо одамон аз чунин ҷиноятҳо сухан гуфтанро зарур намешуморанд. […]

Пайрав Чоршанбиев



Коршиноси масоили мубориза бо хариду фурӯши одамон, полковники милитсия Ҷумъахон Каримов бар ин назар аст, ки дар шароити Тоҷикистон мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба истисмори инсон хеле мушкил аст.

Дар ин робита ӯ қайд намуд, ки бинобар сабаби баъзе омилҳои махсуси миллӣ ва динӣ дар ҷумҳурии мо одамон аз чунин ҷиноятҳо сухан гуфтанро зарур намешуморанд. « Дар ин ҳолатҳо ошкор кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ ва муҷозоти ҷинояткорон қариб ки амалан ғайриимкон мегардад», – иброз дошт ӯ.

Коршинос бо изҳори таассуф таъкид дошт, ки миёни занони тоҷик фоҳишагарӣ зиёд шуда, аз тадбирҳои андешида дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ ба даст намеоянд.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ, изҳор дошт дар идома Каримов, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 66 нафар занони машғул ба фоҳишагарӣ ошкор карда шудаанд.

«Мақомоти давлатии бевосита машғул ба муқовимат бо хариду фурӯши одамон бояд ба ҷиноятҳои марбут ба истисмори шаҳвонӣ ва дар навбати аввал ҷалби ноболиғон ба ин гуна ҷиноятҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд», – зикр кард номбурда.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки маҷбур кардан ба фоҳишагарӣ ҷинояти вазнин аст ва мебояд бо он муборизаи беамонро роҳандозӣ намуд. «Маълум нест, ки чӣ миқдор аз ин 2 ҳазору 66 нафар занон қурбони ҳодисаҳои хариду фурӯш шуда, маҷбуран мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтаанд», – афзуд коршинос.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 30 июл дар СММ Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо хариду фурӯши одамон қайд карда шуда, тибқи арзёбии СММ, дар ҷаҳони муосир имрӯз ҳудуди 21 млн. нафар дар ғуломӣ ба сар мебаранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.