Намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки айни замон нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудаааст.
«Аммо аз рӯи далели қонунӣ будан ё набудани хусусигардонии беморхонаи сохтмонаш нотамом барои 500 кас дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби Кабирӣ тафтишот ҷараён дорад», – иброз дошт ӯ.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар робита ба ташвишҳои раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бобати ба ватан баргаштанаш изҳор намуд, ки ба пешвои ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳеҷ хатаре вуҷуд надорад. «Нисбати ӯ ягон парвандае боз нашудааст», – гуфт вазири корҳои дохилӣ.
Ёдрас мекунем, ки
Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси байнулмилалӣ
таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: таҳдидҳои муосир», ки рӯзи 17 июн дар шаҳри Маскав доир гардид,
изҳор намуда буд
, ки мутмаин аст, дар ватан ба ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид карда метавонад.
Рӯзи 16 июни соли равон нашрияи ҳукумат «Ҷумҳурият» таҳти унвони
«Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ»
маводе ба чоп расонид, ки дар он раиси ҲНИТ ба ғайриқонунӣ хусусигардонии қитъаҳои замин ва иншооти давлатӣ айбдор карда мешавад.



