Прокуратураи генералии Тоҷикистон гуфтаи намояндаи ВКД Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзодаро, ки рӯзи 3 июл назди ҳозирини намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе изҳор дошта буд, мавриди санҷиш қарор додааст.
Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии имрӯза дар посух ба саволи журналистон оид ба ин масъала қайд кард, ки агар чунин амал сурат гирифта бошад, пас полковник ба ин гуна изҳорот аз номи қонун ё ҳукумат ҳуқуқ надошт. «Ба ҳар ҳол, мо ин далелро месанҷем», – гуфтанд дар Прокуратураи генералӣ.
Ёдрас мекунем, ки намояндаи ВКД Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзода зимни суханронӣ назди ҳозирин дар намози ҷумъаи масҷиди марказии Душанбе рӯзи 3 июл
изҳор намуда буд,
ки ҳамаи ибодаткунандагон бояд намозро то охир хонанд, вагарна нисбати онҳо чораҷӯӣ мешавад.
«Нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибу низомро риоя накарда, аз байни намоз хеста баромада мераванд, ҳамчун аъзои гурӯҳҳои ғайр дониста шуда, нисбат ба онҳо чораандешӣ мешавад», – гуфта буд номбурда.
Ҳамчунин намояндаи ВКД таъкид карда буд, ки аксари кулли мардуми мусулмони тоҷик бар асоси мазҳаби ҳанафӣ ибодат мекунанд ва бояд ба ин мазҳаб эҳтиром гузошта шуда, набояд ба ҳар гурӯҳу равия фирефта шуд ва ба номи дини мубини Ислом иснод овард, зеро ислом дини поку беолоиш ва ваҳдат аст.



