Тӯли ним сол дар Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор масҷид баста шуд



Дар доираи санҷиши ҳолати риояи қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 32 масҷиди ғайрирасмӣ фаъолиятдошта баста шуда, биноҳои онҳо барои истифода ба сифати ҷойҳои ҷамъиятӣ ё марказҳои фарҳангу фароғат қарор дода шуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, давоми ним сол 109 шаҳрванди кишвар барои монеъа эҷод кардан ба таҳсили фарзандон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Прокурори генералӣ таъкид дошт, ки тайи 6 моҳи соли ҷорӣ 468 ҷиноят бо иштироки ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 46 чунин ҷиноят камтар аст.

Юсуф Раҳмон ба журналистон хабар дод, ки дар ин давра барои содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ (асосан порагирӣ) нисбати 2 корманди мақомоти прокуратура парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное