Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро дастгирӣ намекунад



Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 1 август дар торнамои расмии худ оид ба муносибати тағйирнопазири кишвар дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон иттилоия интишор намуд.

Дар иттилоия қайд мешавад, ки рӯзи 22 июл вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон

Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт

, ки «дар робита ба натиҷаҳои ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби коршиносони байнулмилалӣ Ӯзбекистон ҳеҷ эътирози расмие пешниҳод накардааст».

Дар ин робита Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки қаблан дар вохӯрии намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба баррасии лоиҳаи гузориши Бонки ҷаҳонӣ «Масъалаҳои калидӣ барои баррасии минбаъдаи лоиҳаи пешниҳодшудаи НБО Роғун» ва масоили истифодаи захираҳои обии фаромарзӣ (14-18, июл, ш.Алмаато) Ӯзбекистон мавқеъи усулии худро дар ин хусус баён дошта буд.

Он замон муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов қайд карда буд, ки хулосаи коршиносон ва мушовирон оид ба лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун барои Ӯзбекистон комилан қобили қабул нестанд.

«Мо маҷбурем зикр намоем, ки мушовирон ва коршиносон усули «ҳам ба мо ва ҳам ба шумо»-ро сармашқи кори худ қарор додааанд, агар саҳеҳтар бигӯем, то ки бо ҳама гуна мақсаду бо ҳар арзише ин лоиҳаро гузаронанд, ки замони бузургсохтмониҳои шӯравӣ бидуни назардошти манафиатҳои аҳоливу кишварҳои маҷрои миёна ва поёноби Амӯдарё таҳия шудааст, – гуфта буд Азимов. – Аз ин рӯ, дар бораи бо мо мувофиқа шудани хулосаҳои асосӣ дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда сухан наметавон гуфт. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ гуна ҳолате ин лоиҳаро дастгирӣ намекунад».

spot_imgspot_img

Популярное