Намояндагони ҳукумати маҳаллии шаҳри Исфара, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз субҳи имрӯз ба ҳисобу китоби зиёни расида ба сокинони деҳаи Сомониён бар асари муноқишаи марзӣ рӯзи 3-4 август миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишвари ҳамсояи Қирғизистон шурӯъ намуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара дар ин робита иттилоъ дод, комиссияи махсус манзилҳои сокинони деҳаи Сомониёнро, ки аз «коктейлҳои Молотов»-и шаҳрвандони кишвари ҳамсоя оташ гирифта буданд, аз назар мегузаронад.
«Тахминан соатҳои 14-и имрӯз, 5 август дар деҳаи Сомониён вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии кишварҳо дар назар аст, ки Тоҷикистонро дар он муовини фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Пираков намояндагӣ мекунад. Ҳайати Қирғизистонро киҳо намояндагӣ мекунанд, алҳол ба мо маълум нест», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки дар робита ба муноқишаи рухдода дар марз бо Тоҷикистон нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев рӯзи сешанбе
аз рухсатии кӯтоҳмуҳлат бар кор баромад.
Дар
иттилои
ҳукумати ин кишвар қайд мешавад, ки бо супориши Сариев оид ба ҳаллу фасли ин муноқиша гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.
Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ҷонибҳо ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Рӯзи 4 август низ муноқиша идома ёфт. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин муноқиша ба сурати умум аз 200 то 500 нафар иштирок доранд. Шаҳрвандони ҳарду ҷониб ҷароҳатҳо бардоштанд.



