ҲХДТ сабабҳои пайвастани ҷавонон ба сафҳои террористонро меомӯзад



Бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» ояндаи наздик дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар дар мавзӯи « Сабабҳо ва омилҳои пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ» мизҳои гирд барпо мекунад.

Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ин чорабиниҳо коршиносон, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дин ҷалб хоҳанд шуд.

«Ба мизҳои гирди ноҳияҳое, ки сокинони он дар сафҳои созмонҳои террористӣ ба мисли ДИИШ меҷанганд, волидон ва дӯстону наздикони онҳо даъват мешаванд»,- гуфт вай.

Ба қавли номбурда, баргузории мизи гирди нахустин дар ин мавзӯъ санаи 12 август дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. «Аз рӯи маводу хулосаҳои ҷамъшуда аз ин чорабиниҳо ҲХДТ сиёсати нави худ оид ба кор ҷавононро таҳия мекунад», – афзуд ӯ.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябри ҳамин сол дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 30 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. 

spot_imgspot_img

Популярное