Рӯзи 22 август дар яке аз боғҳои истироҳату фарҳангу шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» баргузор мешавад, ки дар он намояндагони тамоми 68 шаҳру навоҳии кишвар ширкат меварзанд.
Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, мақсад аз баргузории Фестивал-озмун тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ буда, воситаи хубе барои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарбияти фарҳанги ошпазӣ ва такмили маҳорати касбии ошпазҳо ба шумор меравад. Тавассути баргузории Фестивал анъанаи ошпазӣ ва намунаҳои фарҳангу санъати марбут ба он тақвият ёфта, ба дастгирии ҳунарнармандон, ошпазон, косибон, кишоварзон ва ашхоси дигар, ки дар таҳияи масолеҳи оши палав сахмгузор мебошанд, мусоидат мекунад.
Гуфта мешавад, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» дар даҳаи аввали моҳи август дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Фестивал дар ду давр гузаронида мешавад: нахуст дар сатҳи ноҳиявӣ ошпазҳои беҳтарин ва санъаткоронӣ халқӣ интихоб шуда, ба даври дувум ё ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд.
Ошпазҳои беҳтарини ноҳияҳо дар макони муқарраршуда дегҳои худро гузошта, бо тамоми нозукиҳо ва ҳунарнамоиҳо оши палав пухта, дастархони намоишӣ меороянд. Ҳар ошпаз ҳамон палави хосси ноҳияи худро мепазад. Ба ҳар ноҳия гузоштани то 3 деги миёнаи ғунҷоишаш тақрибан 20 кг тавсия дода мешавад.
Доварон ба ҳунари санъаткорон, ба оши палави ошпазҳо ва шартҳои дигар баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро аз рӯйи шартҳои пешниҳодшуда интихоб менамоянд. Ҷамъбасти Фестивал худи ҳамон рӯз сурат мегирад.
Ҷоизаи асосӣ “Кафгири тиллоӣ” буда, ба ошпази беҳтарин супурда мешавад. Тибқи ҳамкории сарпарастон мукофоти пулӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ низ дода мешаванд.
Санъаткорон ва ошпазҳои бомаҳорат бо дипломҳо, ҷоизаву туҳфаҳо сарфароз хоҳанд гашт. Илова ба ин, ба ҳар як иштирокчии Фестивал сертификат дода мешавад.



