Оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия



Имрӯз дар толори консерти «Филармония-2»-и ба номи Сергей Рахманинови шаҳри Маскав Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия оғоз мегардад.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати расмии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини вазири фарҳанг Бунафша Одинаева, сардори департаменти илм ва маорифи дастгоҳи президенти ҶТ Сайфуддин Давлатов, сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги ҶТ ва ҳамзамон директори Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия Олим Акрамов намояндагӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, вобаста ба муҳимияти чорабинӣ, бо ҷалби устодони санъат ва ҷавонони боистеъдод, ки ифодагари суннатҳои миллии тоҷикон, баёнгари назокати овозхонӣ, ромишгарӣ ва рақсҳои мавзуну дилхурӯш аст, барномаи ҳунарӣ таҳия гардидааст. Ба барнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Ҳасан Ҳайдаров, овозхонҳо Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Фирдавс Ҳошимов, гуруҳи рақсии «Базморо» ва гуруҳи мутрибони созҳои миллӣ шомил гардидаанд. Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳ намоиши либосҳои муосиру миллии тарроҳ Хуршед Сатторов ва намоиши аксҳои Шуҳратҷон Ёров, ки инъкосгари урфу одат, манзараҳои зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои замони истиқлол мебошанд ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Рӯзи 13 августи дар толори Театри давлатии “Ҳунарманди Синамо” –и шаҳри Москва ва 15 август дар шаҳри Раменское барномаи консертӣ бо иштироки сарояндагон ва гуруҳи мутрибон ба нақша гирифта шудааст.

Таърихи 13 август гуруҳи рақсии “Базморо” ва гуруҳи мутрибони созҳои миллӣ ба шаҳри Калининград сафар намуда, рӯзи 14 август барномаи ҷолибу рангинро ба сокинони ин шаҳри дурдасти Федератсияи Россия пешкаш менамоянд.

spot_imgspot_img

Популярное