Рӯзи 16 августи соли 2015 тавассути воситаҳои махсуси техникии Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе ду ҳолати зер кардани пиёдагардҳо аз ҷониби ронандагони воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки ронандагон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Дар гузаргоҳи пиёдагарди чорроҳаи Н.Қарабоев-Абай соати 08:42 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Соната» рақами давлатиаш 75-31 DD01 пиёдагард, зани 41-солаи сокини шаҳри Кӯлобро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамин тариқ, дар чорроҳаи Н.Қарабоев-Шестопалов соати 23:34 дақиқа ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» рақами давлатиаш 99-52 СВ 01 пиёдагард, марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард, марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Пиёдагарди дуюм, зани 41-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Сабти наворҳо оиди ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ барои чораҷӯӣ ба бахшҳои дахлдори ШБДА РВКД шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.
Дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ронандагони воситаҳои нақлиёти аз ҷойи ҳодисаи садамаи нақлиётӣ фироркардаро муайян ва дастгир намуданд. Инҳо, марди 26-солаи сокини ш. Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Соната» ва марди 25-солаи сокини ш. Душанбе, ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» будаанд, ки айни ҳол нисбати гумонбаршудагон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.



