Президенти Тоҷикистон дар Ашхобод қарор дорад



Шоми рӯзи 19 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба Туркманистон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар фурудгоҳи Ашхобод Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини раиси Шӯрои вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва дигар шахсони воломақом самимона истиқбол гирифтанд.

Тавре қаблан бо истинод ба як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дода будем, зимни сафари расмии дурӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, ки шоми имрӯз оғоз мегардад ва аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ӯ бо сарвари ин кишвар Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳадди ақал 5 созишномаи ҳамкорӣ миёни давлатҳо ба имзо мерасад.

Дар Ашхобод Баёнияи муштараки сарони ҳарду кишвар қабул шуда, ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи ҳамкорӣ дар бахши китобхонадорӣ, барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар, барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва кинематография, барномаи ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ созишномаву қарордодҳо ба имзо мерасонанд.

spot_imgspot_img

Популярное