Озмуни «Ронандаи намунавӣ»-и Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон

Бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ озмуни «Ронандаи намунавӣ» эълон мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, озмун санаи 7-уми сентябри соли 2015 дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Гуфта мешавад, озмуни мазкур барои ҷалби […]

ASIA-Plus



Бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ озмуни «Ронандаи намунавӣ» эълон мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, озмун санаи 7-уми сентябри соли 2015 дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, озмуни мазкур барои ҷалби таваҷҷӯҳи аҳолии кишвар дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, таблиғи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таҷрибаи бехатар идора кардани воситаи нақлиёт, такмили шаклу усулҳои таблиғот ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ ва маданияти ронандагон равон карда шудааст.

Дар озмун ронандагони хоҳишманди ҳама намуди воситаҳои нақлиёт, ки собиқаи ронандагиашон на камтар аз 3 сол мебошад, иштирок карда метавонанд ва воситаи нақлиётро тибқи асосҳои қонунӣ соҳибӣ менамоянд. Ҳамчунин он ронандагоне роҳ дода мешаванд, ки дар давоми 3 соли охир аз ҷониби онҳо қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ  содир нагардида бошад.

Озмун дар се давр  – мусобиқаи «Донандагони Қоидаи ҳаракат дар роҳ», рондани воситаи нақлиёт дар Автодром ва расонидани «Ёрии аввалияи тиббӣ ба ҷароҳатгирифтагони ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ» гузаронида мешавад.

Барои ғолибони озмун 10 ҷой бо мукофотҳои пулӣ муқаррар карда мешавад. Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

Барои иштирок дар озмуни мазкур довталабон ба Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон муроҷиат карда метавонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.