Президенти Тоҷикистон дар Ашхобод қарор дорад

Шоми рӯзи 19 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба Туркманистон сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 19 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба Туркманистон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар фурудгоҳи Ашхобод Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини раиси Шӯрои вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва дигар шахсони воломақом самимона истиқбол гирифтанд.

Тавре қаблан бо истинод ба як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дода будем, зимни сафари расмии дурӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, ки шоми имрӯз оғоз мегардад ва аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ӯ бо сарвари ин кишвар Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳадди ақал 5 созишномаи ҳамкорӣ миёни давлатҳо ба имзо мерасад.

Дар Ашхобод Баёнияи муштараки сарони ҳарду кишвар қабул шуда, ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи ҳамкорӣ дар бахши китобхонадорӣ, барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар, барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва кинематография, барномаи ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ созишномаву қарордодҳо ба имзо мерасонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.