Гази моеъ тадриҷан бозори сӯзишвории автомобилиро ишғол мекунад

Тӯли 7 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 185 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 23 ҳазор тонна ё худ 15% зиёдтар аст. Тайи солҳои ахир гази моеъ ба сӯзишвории асосии автомобилӣ дар Тоҷикистон табдил меёбад. Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Тӯли 7 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 185 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 23 ҳазор тонна ё худ 15% зиёдтар аст. Тайи солҳои ахир гази моеъ ба сӯзишвории асосии автомобилӣ дар Тоҷикистон табдил меёбад.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ беш аз 30,5 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ оварда шудааст, ки дар муқоиса бо моҳи июли соли гузашта 9,1 ҳазор тонна бештар мебошад.

Тоҷикистон маъмулан гази моеъро аз Қазоқистон ворид мекунад. Ба миқдори начандон зиёд ба Тоҷикистон гази моеъ ҳамчунин аз Русия ва Туркманистон низ ворид карда мешавад.

Аксарият тамоили коҳиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ва афзоиши воридоти гази моеъ ба ҷумҳуриро ба арзиши он нисбат медиҳанд, зеро дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории Тоҷикистон айни замон гази моеъ қариб се маротиба арзонтар нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) фурӯхта мешавад.

Дар ин робита айни замон беш аз 60%-и нақлиёти автомобилии кишвар (ахири соли гузашта – 40%) бинобар сабаби гаронии бензин, ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, тайи се соли ахир ҳаҷми воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ 2,6 маротиба – аз 82 ҳазор тонна дар соли 2012 то ба 295 ҳазор тонна дар соли 2014 афзуд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба 

тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 

ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.