Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоркардаи хадамоти оташнишонӣ дар дафтари кории ҳизб, воқеъ дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» шурӯъ кард.
Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тамоми камбудиву эродҳои хадамоти оташнишонӣ имрӯз бартараф карда мешаванд. «То пагоҳ ҳатман баратараф мешавад. Якчанд ҳуҷраҳои дафтари кории ҳизб муҳр зада нашудаанд ва мо дар онҳо кор карда истодаем», – иброз дошт ӯ.
Ба иттилои муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит, онҳо ба унвони Сарраёсати хадамоти оташнишонӣ мактуби кафолатнок ирсол намуда, уҳдадор шудаанд, ки камбудиҳои ошкоршударо бартараф мекунанд. «Барои мо якчанд ҳуҷраро боз карданд ва ҳозир мо ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо чораҷӯӣ мекунем», – гуфт ӯ.
Ӯ таъкид дошт, ки айни замон ҲНИТ дар дафтари кории худ оид ба омодагӣ ба анҷумани навбатии рӯзи 15 сентябр фаъолона кор мекунад. «Тибқи маълумоти пешакӣ, дар кори ин анҷуман ҳудуди 500 нафар вакилон ва меҳмонон ширкат меварзанд», – афзуд номбурда.
Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала гуфт, дафтари кории ҲСДТ умуман муҳр зада нашудааст, зеро он бе ин ҳам баста буда, раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров дар шаҳри Маскав аст ва каиди дафтари корӣ низ дар дасти ӯст.
Ёдрас мекунем, ки қаблан хадамоти оташнишонӣ дар дафтари кории ҳамаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон оид ба риояи қоидаҳои пешгирии сӯхтор санҷиш гузаронида,
дар дафтари кории се ҳизб камбудиҳои ҷиддӣ
дар ин самт ошкор шуданд.



