Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ ду ҳодисаи кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро пешгирӣ намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, амалиёти якум дар қишлоқи Андароби ноҳияи Ишкошим ба анҷом расид. Кормандони Агентӣ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 39-солаи маҳаллиро дастгир намуда, аз ӯ беш аз 2 кило маводи мухаддири ҳашишро мусодира намуданд.
Гуфта мешавад, амалиёти дуюмро кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ гузарониданд. Дар ҳудуди қишлоқи Ёмчи ноҳияи Шуғнон ҳангоми кӯшиши қочоқи маводи нашъаовар сокини 40-солаи вилояти Бадахшон дастгир гардида, аз ӯ зиёда аз 12 кило ҳашиш мусодира карданд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ду ҳодиса аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – м. 200 қ. 3 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”, м. 289. “Қочоқ” ва м. 335. “Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шудаанд.



