Freedom House Тоҷикистонро давлати авторитарӣ хонд



Созмони байнулмилалии ғайридавлатии Freedom House ё худ Хонаи озодӣ бори навбатӣ Тоҷикистонро ба сафи давлатҳои авторитарӣ (худкома) шомил намуд.

Дар гузориши нави Freedom House оид ба рушди демократия дар 29 кишвари собиқ лагери сотсиалистии Аврупо ва Осиёи Марказӣ (

Nations in Transit-2015

) Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари дигари ИДМ дар феҳристи кишварҳои дорои идоракунии авторитарӣ қарор дорад.

Ӯзбекистону Туркманистон ҳар кадоме бо касби 6,93 балл кишварҳои бештар авторитарӣ арзёбӣ шуда, ҷойҳои 28 ва 29-умро ишғол кардаанд. Дар идома Озарбойҷон (6,75), Беларус (6,71) Қазоқистон (6,61) ва Русия (6,46) қарор доранд. Тоҷикистон бо 6,39 балл дар зинаи 23-юми рӯйхати кишварҳои собиқ лагери сотсиалистӣ ҷой гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон (5,93), Арманистон (5,36) ва Косово (5,14) кишварҳои нимаавторитарӣ дониста шуда, Молдова, Македония, Босния ва Герсеговина, ҳамчунин Украина, Гурҷистон ва Албания давлатҳои дорои реҷаи идоракунии дугуна (гибридӣ) арзёбӣ шудаанд.

Черногория, Сербия, Руминия, Хорватия, Булғористон ва Маҷористон (Венгрия) ба сафи кишварҳои нимадемократӣ шомил гардидаанд.

Словения (1,93 балл), Эстония (1,96), Литва (2,07), Лаҳистон (Полша)( 2,21), Латвия (2,36), Чехия (2,21) ва Словакия (2,64) кишарҳои демократӣ унвон шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное