Б.Ёров: Баста шудани ситоди ҲНИТ ғайриқонунӣ аст



– Муҳр зада шудани дафтари кории марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амали ғайриқонунӣ аст, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» раиси Коллегияи адвокатхои шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров.

Ӯ қайд кард, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи равон

бо қарори суди иқтисодии шаҳри Душанбе

бар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар дафтари кории марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт муҳр зада шуд.

Ба қавли Ёров, дар қарори суд сари ғайриқонунӣ хусусигардонӣ шудани бинои ситоди ҳизб сухан меравад. «Шоми дирӯз мо бо раҳбряити ҲНИТ вохӯрда, ба онҳо шарҳ додем, ки қарори суд дар бораи боздошти истифодаи бинои ситоди ҳизб ғайриқонунӣ аст. Албатта метавон ба ҳабс гирифт, то ки барои ошкор шудани ҳамаи ҳолатҳо монеъа эҷод карда шавад, аммо то бекор шудани ҳуқуқи моликият, ҳеҷ касе ба боздошти истифодаи бино ҳуқуқ надорад», – иброз дошт Ёров.

Бино ба маълумоти ситоди ҲНИТ, дафтари кории марказии ҳизб ба муддати 10 рӯз то ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳо баста шудааст. Дар ин давра истифода аз ин бино барои ҳизб манъ шудааст.

Зикр гардид, ки сабаби ба вуҷуд омадани чунин вазъ баҳси ҳалношуда миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва моликони бинои дафтари кории ҲНИТ аст. Ҳукуматдорон бар ин назаранд, ки ширкати «Тиҷорат», ки ҲНИТ ин биноро аз ӯ харидорӣ кардааст, бинои мазкурро ғайриқонунӣ харидааст.

spot_imgspot_img

Популярное