Даргузашти Масъуд Муллоҷонов дар синни 88-солагӣ

Рӯзи 23 август собиқ сардабири маҷаллаи русзабони «Помир» Муллоҷонов Масъуд Саидович дар синни 88-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Солҳои ахир Масъуд Муллоҷонов аз бемориҳои зиёде азият мекашид. Тайи моҳҳои ахир бошад, пурра нобино шуда, бар асари чандин маротиба афтидан ҷароҳатҳои зиёд бардошта буд. Дар маросими видоъ дӯстону ҳамкорон ҷамъ шуда, таъкид доштанд, ки ба […]

ASIA-Plus



Рӯзи 23 август собиқ сардабири маҷаллаи русзабони «Помир» Муллоҷонов Масъуд Саидович дар синни 88-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Солҳои ахир Масъуд Муллоҷонов аз бемориҳои зиёде азият мекашид. Тайи моҳҳои ахир бошад, пурра нобино шуда, бар асари чандин маротиба афтидан ҷароҳатҳои зиёд бардошта буд.

Дар маросими видоъ дӯстону ҳамкорон ҷамъ шуда, таъкид доштанд, ки ба туфайли талошҳои Масъуд Муллоҷонов ва мусоидати Мизо Турсунзода маҷаллаи «Помир» таъсис дода шуд, ки дар таблиғи адабиёти мусоири тоҷик дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми босазо гузошт.

Гузашта аз ин, Масъуд Муллоҷонов ба сифати мунаққиди адабӣ ва публисист худаш низ дар бораи мушкилоти Тоҷикистон бисёр мавод менавишт. Муддати солҳои тӯлонӣ ӯ ба ҳайси хабарнигори «Литературная газета» дар Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар саҳифаҳои он масъалаҳои муҳим ва рӯзмарраи рушди Тоҷикистони шӯравиро инъикос мекард. Марҳум дар сохтмону мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани иншооту корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон, аз қабили нерӯгоҳи Норак, Корхонаи алюминии Тоҷикистон ва Комбинат кимиёвии Ёвон низ саҳми беандоза дорад.

Масъуд Муллоҷонов се фарзандро тарбия кардаву ба камол расонид. Писари ӯ Парвиз Муллоҷонов сиёсатшиноси маъруфи тоҷик аст, ки аксари ВАО-и ҳам дохил ва ҳам хориҷи кишвар  зимни инъикоси ин ё он рӯйдоди муҳим андешаҳои ӯро интишор мекунанд.


Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба хешону наздикони марҳум тасаллият изҳор намуда, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.