Б.Ёров: Баста шудани ситоди ҲНИТ ғайриқонунӣ аст

– Муҳр зада шудани дафтари кории марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амали ғайриқонунӣ аст, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» раиси Коллегияи адвокатхои шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров. Ӯ қайд кард, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи равон бо қарори суди иқтисодии шаҳри Душанбе бар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар дафтари кории марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбади […]

Пайрав Чоршанбиев



– Муҳр зада шудани дафтари кории марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амали ғайриқонунӣ аст, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» раиси Коллегияи адвокатхои шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров.

Ӯ қайд кард, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи равон

бо қарори суди иқтисодии шаҳри Душанбе

бар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар дафтари кории марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт муҳр зада шуд.

Ба қавли Ёров, дар қарори суд сари ғайриқонунӣ хусусигардонӣ шудани бинои ситоди ҳизб сухан меравад. «Шоми дирӯз мо бо раҳбряити ҲНИТ вохӯрда, ба онҳо шарҳ додем, ки қарори суд дар бораи боздошти истифодаи бинои ситоди ҳизб ғайриқонунӣ аст. Албатта метавон ба ҳабс гирифт, то ки барои ошкор шудани ҳамаи ҳолатҳо монеъа эҷод карда шавад, аммо то бекор шудани ҳуқуқи моликият, ҳеҷ касе ба боздошти истифодаи бино ҳуқуқ надорад», – иброз дошт Ёров.

Бино ба маълумоти ситоди ҲНИТ, дафтари кории марказии ҳизб ба муддати 10 рӯз то ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳо баста шудааст. Дар ин давра истифода аз ин бино барои ҳизб манъ шудааст.

Зикр гардид, ки сабаби ба вуҷуд омадани чунин вазъ баҳси ҳалношуда миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва моликони бинои дафтари кории ҲНИТ аст. Ҳукуматдорон бар ин назаранд, ки ширкати «Тиҷорат», ки ҲНИТ ин биноро аз ӯ харидорӣ кардааст, бинои мазкурро ғайриқонунӣ харидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.