Ба сокинони пойтахт маънои арзишҳои миллиро шарҳ медиҳанд

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 24 август бо иштироки олимон, собиқадорон ва фаъолони шаҳр ҷаласаи васеъ баргузор намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар ҳаёти рӯзмарраи шаҳр бештар фаъолтар иштирок кунанд, ба сокинон роҳу воситаҳои ҳимоя аз арзишҳои миллиро шарҳ диҳанд, ба беҳбуди сатҳи огаҳии ҳуқуқии шаҳрвандон саҳм гузоранд ва ҷиҳати пешгирии […]

Аваз Юлдошев



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 24 август бо иштироки олимон, собиқадорон ва фаъолони шаҳр ҷаласаи васеъ баргузор намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар ҳаёти рӯзмарраи шаҳр бештар фаъолтар иштирок кунанд, ба сокинон роҳу воситаҳои ҳимоя аз арзишҳои миллиро шарҳ диҳанд, ба беҳбуди сатҳи огаҳии ҳуқуқии шаҳрвандон саҳм гузоранд ва ҷиҳати пешгирии паҳншавии падидаҳои ифротгароии динӣ ва терроризм дар ҷомеа бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳои судманд гузаронанд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, бо ин мақсад ҳукумати пойтахт 45 гурӯҳи таблиғотӣ таъсис додааст, ки ба ҳайати он афроди соҳибэҳтироми шаҳр – собиқадорон, олимон ва арбобони давлатӣ шомиланд.

Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳҳо аз 17 август ба фаъолият дар шаҳри Душанбе шурӯъ мекунанд. «Дар ноҳияи Сино 15 гурӯҳ ва дар ноҳияҳои боқимондаи шаҳр 10-тогӣ чунин гурӯҳҳо ба кор оғоз мекунанд», – гуфт манбаъ.

Раиси шаҳри Душанбе таъкид доштааст, ки аҳолии пойтахти Тоҷикистон набояд аз рӯйдодҳои манфии ҷараёндошта дар саросари ҷаҳон худро канор гиранд ва барои роҳ надодан ба ҷудоиандозӣ дар ҷомеа, душанбегиҳо бояд аз тамоми имконоти мавҷуда истифода кунанд.

Қобили зикр аст, ки барои таблиғи арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аз ҳисоби донишҷӯён низ таъсиси чунин гурӯҳҳо дар назар аст, ки алайҳи паҳншавии афкори ифротгароӣ миёни ҷавонон мубориза хоҳанд бурд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.