Раёсат дар СААД-ро Тоҷикистон ба Арманистон месупорад

Дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки санаи 15 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, раёсати Созмон аз Тоҷикистон ба Арманистон мегузарад. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ба кори нишасти СААД дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида, сипас ҷаласаи сарони […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки санаи 15 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, раёсати Созмон аз Тоҷикистон ба Арманистон мегузарад.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ба кори нишасти СААД дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида, сипас ҷаласаи сарони кишварҳои Созмон таҳти раёсати президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор мешавад.

Дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Душанбе ба масоили таҳкими марзҳои ҷанубии Созмон ва тадбирҳои андешида оид ба таъмини амният дар паҳнои таҳти масъулияти СААД қарордошта таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки иштироки худ дар кори нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Душанберо ҳамаи сарони кишварҳои узви Созмон -Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон тасдиқ намуданд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, дар остонаи оғози кори нишаст дар Душанбе президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.