Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо бо Украина ҳавасманд аст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Солгарди ҷашни миллии Украина – Рӯзи истиқлолияти ин давлат ба президенти ин кишвар Петр Порошенко барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки Тоҷикистон дар такони ҷиддӣ бахшидан ба муносибатҳои дӯстонаи анъанавии бисёрсола, ки миёни ду […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Солгарди ҷашни миллии Украина – Рӯзи истиқлолияти ин давлат ба президенти ин кишвар Петр Порошенко барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки Тоҷикистон дар такони ҷиддӣ бахшидан ба муносибатҳои дӯстонаи анъанавии бисёрсола, ки миёни ду давлат ва халқҳо мавҷуданд, ҳавасманд аст.

«Мутмаинам, ки бо кӯшишҳои якҷояи мо ҳамгироии мутақобила ва ҳамкории созандаи миёни ду давлат рушди нав касб мекунанд. Омодагии моро барои истифодаи тамоми кӯшишҳо дар роҳи густариши онҳо ба манфиати давлат ва халқҳоямон изҳор медорам», – омадааст дар барқия.

Эмомалӣ Раҳмон ба Петр Поршенко саломатии бардавом ва муваффақиятҳо ва ба халқи Украина сулҳ ва шукуфоӣ таманно кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.