Прокуратураи генералӣ дафтари кории ҲНИТ-ро муҳр зад

Бо қарори суди иқтисодии Тоҷикистон бар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар рӯзи 24 август дафтари кории марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт муҳр зада шуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, Прокуратураи генералии кишвар ин қарори худро бо он маънидод кардааст, ки баҳси қонунӣ будани харидорӣ шудани ин бино ҳаллу […]

Аваз Юлдошев



Бо қарори суди иқтисодии Тоҷикистон бар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар рӯзи 24 август дафтари кории марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт муҳр зада шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, Прокуратураи генералии кишвар ин қарори худро бо он маънидод кардааст, ки баҳси қонунӣ будани харидорӣ шудани ин бино ҳаллу фасл нашудааст.

Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ дар ин робита изҳор доштааст, ки дар вақташ ин бино, ки дар он дафтари кории ҲНИТ воқеъ аст, ғайриқонунӣ харида шудааст. Қаблан ин бино ба ширкати «Тиҷорат» тааллуқ дошта, ҲНИТ онро аз ҳамин ширкат харидааст.

Суд-иҷрочиҳои Суди иқтисодӣ, ки дарҳои дафтари кории ҲНИТ-ро муҳр задаанд, изҳор намудаанд, ки баҳси мазкур бояд дар муддати 10 рӯз ҳаллу фасл шавад.

Дар ин бино ҲНИТ рӯзи 15 сентябр анҷумани навбатии ҳисоботиву интихоботии худро баргузор карданӣ буд, ки дар кори он иштироки беш аз 500 нафар вакилону меҳмонон дар назар аст. ҲНИТ бар ин назар аст, ки ин амали ҳукуматдорон ба монеъа эҷод кардан барои баргузории анҷуман равона шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.