Дилшод Ҷӯраев ноиби президенти ФФТ интихоб шуд

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федратсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Дилшод Ҷӯраев ноиби президенти ФФТ интихоб шуд, ки интихоби ӯ дар конфронси навбатии Федератсия бояд тасдиқ карда шавад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФФТ, Дилшод Ҷӯраев дар навбати худ барои боварӣ ба раҳбарияти Федератсия арзи сипос намуда, изҳори умедворӣ кард, ки дар […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федратсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Дилшод Ҷӯраев ноиби президенти ФФТ интихоб шуд, ки интихоби ӯ дар конфронси навбатии Федератсия бояд тасдиқ карда шавад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФФТ, Дилшод Ҷӯраев дар навбати худ барои боварӣ ба раҳбарияти Федератсия арзи сипос намуда, изҳори умедворӣ кард, ки дар ҳамдастӣ бо дастгоҳи ФФТ баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас талош хоҳад варзид.

Дар ин ҷаласа аъзои Кумитаи иҷроия огаҳ карда шуданд, ки бо қарори раиси ФФТ Рустами Эмомалӣ, иҷрои вазифаҳои дабири кулли Федератсия ба дӯши ноиби аввали президенти Федератсия Хуршед Мирзоев вогузор карда мешаванд.

Дар ҷаласа ҳамчунин сохтори нави Федератсия тасдиқ шуда, ба аъзои Кумитаи иҷроия оид ба нақшаҳои ситоди нави мураббиёни тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бобати беҳбуди натиҷаҳо дар мусобиқаҳои марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 маълумот дода шуд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.