Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо бо Украина ҳавасманд аст



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Солгарди ҷашни миллии Украина – Рӯзи истиқлолияти ин давлат ба президенти ин кишвар Петр Порошенко барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки Тоҷикистон дар такони ҷиддӣ бахшидан ба муносибатҳои дӯстонаи анъанавии бисёрсола, ки миёни ду давлат ва халқҳо мавҷуданд, ҳавасманд аст.

«Мутмаинам, ки бо кӯшишҳои якҷояи мо ҳамгироии мутақобила ва ҳамкории созандаи миёни ду давлат рушди нав касб мекунанд. Омодагии моро барои истифодаи тамоми кӯшишҳо дар роҳи густариши онҳо ба манфиати давлат ва халқҳоямон изҳор медорам», – омадааст дар барқия.

Эмомалӣ Раҳмон ба Петр Поршенко саломатии бардавом ва муваффақиятҳо ва ба халқи Украина сулҳ ва шукуфоӣ таманно кард.

spot_imgspot_img

Популярное