Дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки санаи 15 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, раёсати Созмон аз Тоҷикистон ба Арманистон мегузарад.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ба кори нишасти СААД дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида, сипас ҷаласаи сарони кишварҳои Созмон таҳти раёсати президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор мешавад.
Дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Душанбе ба масоили таҳкими марзҳои ҷанубии Созмон ва тадбирҳои андешида оид ба таъмини амният дар паҳнои таҳти масъулияти СААД қарордошта таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки иштироки худ дар кори нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Душанберо ҳамаи сарони кишварҳои узви Созмон -Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
Ҳамчунин мебояд гуфт, дар остонаи оғози кори нишаст дар Душанбе президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом медиҳад.



