Сарбози пойгоҳи низомии Русия ба таксирони тоҷик бо корд дарафтод



Сарбози пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон бо корд ба сокини шаҳри Қурғонтеппа дарафтода, дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои сершумор бардоштааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии вилояти Хатлон хабар дод, ин ҳодиса нимаи рӯзи 21 август дар қаларави ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар рух додааст.

Дмитрий Толстой, хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии пойгоҳи низомии 201 дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо чандин зарби корд таксирони 24-сола, сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Қӯрғонтеппа Тоҳир Султоновро маҷрӯҳ кардааст.

Ронандагоне, ки аз назди ҷойи ҳодиса гузар доштаанд, ба ҷабрдида кумак карда, ӯро ба бемористон овардаанд ва то ҳозир шудани кормандони мақомоти интизомӣ, сарбози русро низ боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи эҳёгарии беморхонаи вилоятӣ Файзалӣ Ҷумъаев, таксирон Тоҳир Султонов дар ҳолати вазнин, бо захмҳо дар гардапну сар ва дастон ба бемористон оварда шудааст. Ӯ дарҳол ҷарроҳӣ шуда, баъди ду рӯз ба палатаи умумӣ гузаронида шудааст. Табибон вазъи солимии ӯро то ҳол вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбози пойгоҳи низомии 201-уми Русия Дмитрий Толстой дар ҷойи ҳодиса боздошт шуда, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 110-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Барқасдона расонидани зарари вазнин ҷисмонӣ ба саломатӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Парвандаи ҷиноӣ ҷиҳати тафтиши минбаъда ба прокуратураи ҳарбӣ ирсол гардидааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ ду сарбози дигари рус – Илдар Сахапов ва Федор Басимов

дар қатли ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев муттаҳам шуда,

то ҳоло мурофиаи онҳо идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное