Ҷашнвораи табиати зинда дар Бадахшон

Нимаи дуюми соли равон дар яке аз зеботарин дараҳои Помир – Вездара, ки дар ноҳияи Роштқалъаи ВМК воқеъ аст, Ҷашнвораи табиати зинда доир мегардад. Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Мулкамон Назаралиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мавзӯи меҳварии ҷашнвора шиносоӣ бо усулҳои шикори маъмулии помириҳо ва ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии минтақа аст. […]

Пайрав Чоршанбиев



Нимаи дуюми соли равон дар яке аз зеботарин дараҳои Помир – Вездара, ки дар ноҳияи Роштқалъаи ВМК воқеъ аст, Ҷашнвораи табиати зинда доир мегардад.

Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Мулкамон Назаралиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мавзӯи меҳварии ҷашнвора шиносоӣ бо усулҳои шикори маъмулии помириҳо ва ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии минтақа аст.

Ба гуфтаи ӯ, ин чорабинии якрӯзаи экологиву маърифатӣ ва фарҳангӣ ба эҳёву таблиғ ва табодули мероси ғании наслҳои пешин оид ба усулҳои шикор, омӯзишу шиносоӣ бо донишу малакаҳои маъмулии мардуми Помир оид ба ҳифз ва истифодаи табитати зинда ва ҳамчунин ҷалби сайёҳони экологӣ ба минтақа мусоидат мекунад.

«Дар ҷашнвора кӯдакону наврасон, шикорчиёни соҳибтаҷриба, фаъолони ҷамоатҳо аз минтақаҳои вилоят ширкат варзида, ҳамчунин аз иштироки меҳмонони сершумори хориҷӣ, аз ҷумла сайёҳон интизорӣ меравад», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ҷашнвораи мазкур бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, ҳукумати ноҳияи Роштқалъа дар ҳамдастӣ бо иттиҳодияи ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир», Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, ҶСП «ТТ Мобайл» ва ширкатҳо дар соҳаи шикори «Барс» ва «Восток» созмон дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.