Имзои боз як бастаи нави созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Пекин

Зимни сафари кории аз 1 то 3 сентябр пешбинишудаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин миёни Душанбе ва Пекин боз як бастаи нави созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, сарвари давлати Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 1 сентябр ба шаҳри Пекин раҳсипор […]

Аваз Юлдошев



Зимни сафари кории аз 1 то 3 сентябр пешбинишудаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин миёни Душанбе ва Пекин боз як бастаи нави созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, сарвари давлати Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 1 сентябр ба шаҳри Пекин раҳсипор гардида, санаи 2 сентябр дидору гуфтушуниди ӯ бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин доир мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои он маросими баимзорасии бастаи нави созишномаҳо баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи чӣ гуна созишномаҳо ва дар кадом соҳаҳо ба имзо расонидани онҳо маълумот дастрас нашуд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 3 сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ва сиёсати ҷангҷӯёнаи Ҷопон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Пекин иштирок мекунад. Маҳз ҳамин рӯз дар Чин Рӯзи Ғалаба бар сиёсати ҷангҷӯёнаи Ҷопон ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Дар чорабиниҳои ҷашнӣ раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва дигар арбобони давлатии ин кишвар ширкат меварзанд. Дар маълумоти расмӣ ҳамчунин гуфта мешавад, Чин «сарони кишварҳои дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирокдошта, давлатҳои Осиё ва минтақаҳои дигари ҷаҳон, кормандони масъули СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалиро ба чорабиниҳои ёдбуд даъват кардааст».

Ҳамчунин мебояд гуфт, қаблан

ротаи қаровули фахрии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

низ ҷиҳати иштирок дар гузашти низомии Ғалабаи рӯзи 3 сентябр дар майдони Тянанмэни Пекин ба Чин раҳсипор шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.