Тоҷикистон ба ивазкунии маҳсулоти воридотӣ ба маҳсулоти ватанӣ мегузарад

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 25 август бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ баргузор намуд. Бино ба маълумоти котиботи нахуствазир, Қоҳир Расулзода ба вазорату идораҳои дахлдор дастур додааст, ки дар бораи таъсиси комиссияи доимо амалкунандаи назди ҳукумат оид ба мусоидат ба истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи маҳсулоти воридотӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 25 август бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ баргузор намуд.

Бино ба маълумоти котиботи нахуствазир, Қоҳир Расулзода ба вазорату идораҳои дахлдор дастур додааст, ки дар бораи таъсиси комиссияи доимо амалкунандаи назди ҳукумат оид ба мусоидат ба истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи маҳсулоти воридотӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ хулосаҳои асоснок омода кунанд.

Нахуствазир тақозо намудааст, ки дастурҳо аз паёми президент ба парлумон аз 23 январи соли равон дар самти мусоидат ба истеҳсоли молу маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ бояд бечуну чаро иҷро шаванд.

Ғайр аз ин, бо назардошти вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, таъсири буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ, ноустувории вазъ дар бозорҳои ҷаҳонии молӣ ва ашёи хом ва ҳамчунин дигар омилҳое, ки ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонанд, нахуствазир дастур додааст, ки барои ҳимоя аз иқтисоли миллӣ тадбирҳои таъҷилӣ рӯйи кор гирифта шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.