Дархости 18 ва 14 соли зиндон ба низомиёни руси гумонбар ба қатли таксирони тоҷик

Айбдоркунандаи давлатӣ Алексей Корниенко рӯзи 25 август дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парванда аз рӯи далели куштори таксирони тоҷик Рустам Тешабоев аз ҷониби Илдар Сахапов ва Федор Басимов, хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия, аз суд дархост намуд, ки судшавандагон Сахапов ба 14 ва Басимов ба 18 соли зиндон маҳкум карда шаванд. Мурофиаи мазкур […]

Аваз Юлдошев



Айбдоркунандаи давлатӣ Алексей Корниенко рӯзи 25 август дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парванда аз рӯи далели куштори таксирони тоҷик Рустам Тешабоев аз ҷониби Илдар Сахапов ва Федор Басимов, хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия, аз суд дархост намуд, ки судшавандагон Сахапов ба 14 ва Басимов ба 18 соли зиндон маҳкум карда шаванд. Мурофиаи мазкур дар қаламрави пойгоҳ пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад.

Тавре як манбаъ аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, имрӯз, 26 август суд аз рӯи парвандаи мазкур нисбати айбдоршавандагон ҳукм содир мекунад.

Ёдрас мекунем, ки

нимашаби рӯзи 19-уми августи соли гузашта

дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҷасади Раҳимҷон Тешабоев бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуда буд. Басимов аз таксирон 50 ҳазор рубл қарздор буда, вале маблағро баргардонида натавонист. Аз ин рӯ бо ҳамхизматаш маслиҳат карда, назди кӯл дар деҳаи Чимтеппа Р. Тешабоевро мекушанд.

Баъдан раҳбарияти пойгоҳи низомии 201 изҳор дошт, ки ҳардуи ин хизматчии ҳарбӣ рӯхан беморанд ва онҳоро барои ташхис ба шаҳри Екатеринбурги Русия фиристод. Зимни ташхис маълум шуд, ки онҳо солиманд ва ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.