Президент оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кард



Субҳи имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб, вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, иштирок дар оғози тантанаҳои ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳр бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари кории Президенти мамлакат аз зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлат имсол 700 – солагии ӯро дар саросари кишвар васеъ ҷашн мегиранд, оғоз гардид.

Ба ифтихори ин санаи муҳим бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи шафати оромгоҳ ва гунбазҳои мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз тарафи фармоишгар Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфрасохтории иҷтимоӣ азнавсозӣ карда шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

spot_imgspot_img

Популярное